Дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон ташкил карда шуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нуқтаи сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар ноҳияи Файзобод ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади таъмини дастрасии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, дар баробари нуқтаҳои доимии бақайдгирии 29 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати муайян фаъолият менамоянд. Хоҳишмандон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд дар нуқтаи сайёри бақайдгирии ба маҳалли зисташон наздик ё дигар нуқтаи бақайдгирии барояшон муносиб худро номнавис кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






