Дар Академияи илмҳо конфронси «Наврӯз ва ҷавонон» баргузор гардид

Март 16, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 март бо ибтикори Шӯрои олимони ҷавони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Наврӯз ва ҷавонон» Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар конфронс олимони ҷавон аз муассисаҳои илмии мамлакат ширкат варзиданд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид аз саҳми олимони ҷавон дар таҳқиқи анъанаҳои наврӯзӣ дар Соли ҷавонон Наврӯзро ҷашни зебоӣ ва эҳёи табиат номид.
Ҳамчунин дар конфронси мазкур гуфта шуд, ки Наврӯз ғалабаи нур бар зулмот, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва бартарии покӣ бар фасод аст.
«Дар манбаъҳои таърихӣ, аз қабили «Наврӯзнома», «Осор-ул-боқия», «Форснома», «Шоҳнома», «Таърихи Табарӣ» ва дигар осори гаронбаҳо таърихи ҷашни Наврӯзро таҳқиқ намудаанд ва бузургони каломи мавзун дар тӯли ҳазорсолаҳо баҳорияҳои наврӯзӣ эҷод кардаанд, вале сарчашмаи асосӣ дар мавриди пажӯҳишҳои наврӯзӣ Авастову дигар кутуби Маздаясно маҳсуб меёбанд»,- зикр гардид дар Конфронси «Наврӯз ва ҷавонон».

Академияи илмҳо Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Наврӯз ва ҷавонон» баргузор гардид 1

Март 16, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд