Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши «Об манбаи ҳаёт» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷамъомад мутахассисон дар мавзӯъҳои «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар истифодабарии захираҳои об», «Об- неъмати зиндагист», «Самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ», «Маърифати экологии ҷавонон» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш аъзои Ҷамъияти илмии курсантон «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» дар мавзӯи «Аҳамияти об барои ҳаёт» андешаҳои худро иброз доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






