Дар баъзе кӯчаҳои Душанбе ҳаракати нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бахшида ба доир гаштани барномаҳои наврӯзӣ, имрӯз 21 март аз соати 06:30 то 07:30 ва аз 13:30 то 14:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шероз аз кӯчаи Ҷ.Икромӣ то хиёбони Сомонӣ, аз хиёбони Рудакӣ то хиёбони Сино, кӯчаҳои А.Навоӣ, Карамов, роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода то ҳудуди шаҳри Турсунзода маҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин аз соати 17:00 то 21:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯчаи Карамов маҳдуд карда мешавад.
Аз ин хотир Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бе зарурат аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ карда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






