Дар Берлин ҷаласаи навбатии вазирони туризми кишварҳои аъзои «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони ҷаҳонии туристӣ баргузор гардид

Март 9, 2017 17:13

ДУШАНБЕ, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи кори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin-2017» дар шаҳри Берлини Олмон ҷаласаи навбатии вазирони туризми кишварҳои Шоҳроҳи Абрешим баргузор гардид. Дар кори он муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ оид ба новобаста аз буҳронҳои сиёсӣ ва молиявӣ ва дигар мушкилоти замони муосир таъмин гардидани рушди устувори соҳаи туризм сухан гуфт. Ӯ ҳамзамон диққати кишварҳои иштирокчиро ба боз ҳам содда ва осон намудани раводид равона намуд.
Толиб Рифоӣ иброз намуд, ки «Шоҳроҳи Абрешим бренд ва ё рамзест, ки зарурат ба муаррифӣ надорад ва кишварҳои иштирокчӣ бояд аз ин имконот хуб истифода баранд».
Ҳангоми суҳбат бо намояндагони Тоҷикистон Толиб Рифоӣ аз сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2016 ёдовар шуда, иброз дошт, ки «Тоҷикистон кишвари зебо ва мардумонаш самимӣ ва меҳмоннавозанд, аз ин сабаб ояндаи туризми Тоҷикистон дурахшон аст».
Намояндагони Тоҷикистон бо истифода аз ин ҷаласа бо роҳбарони туризми кишварҳои иштирокчӣ ва масъулини барномаҳои Созмони ҷаҳонии туристӣ вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Март 9, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд