Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврўзӣ» ва «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» доир гардид.
«Фестивали донишҷўёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» аз рўйи чор самт- техника ва технология, информатика, тиббу биология ва иқтисодӣ баргузор гардид. Дар озмун аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷўёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 23 лоиҳа ширкат варзиданд.
Муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозоралӣ Одиназода иброз дошт, ки бояд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бештар ба мавзўъҳое аҳамият диҳанд, ки амалишавии онҳо дар истеҳсолот имконпазир бошад.
Ҳамчунин дар озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврўзӣ» 17 шеър ва 14 ҳикояи наврўзии донишҷўён пешниҳоди аъзои ҳакамон гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир ғолибон бо мукофотҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






