Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба шарафи Наврӯз маҳфили «Равзана» доир гардид

Март 17, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар доираи маҳфили «Равзана»-и кафедраи  таърих ва  назарияи адабиёти тоҷик  бо иштироки  шоири  ширинсухан Хайрандеш маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, декани факултети филологияи тоҷик Хосият Олимова иброз дошт, ки  «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба аҳли зиё, махсусан, шоирону нависандагон диққати махсус медиҳад. Дар ин замина барои дарёфти донишҷӯёни  соҳибистеъдод  мо дар назди факултет  маҳфилеро ба роҳ мондем, ки  чанд сол  боз  фаъолият дорад.  Маҳфили  «Равзана»  аз маҳфилҳои овозадор буда,   чанд  сол аст  дар он устодони сухан,  шоирону нависандагони барҷастаи тоҷик ҳамчун меҳмони  ифтихорӣ иштирок намуда, ҷавонони соҳибистеъдодро бо маслиҳату роҳнамоии устодона  ба  сӯи  қуллаи мақсуд  равона месозанд».

Дар маҳфил  Хайрандеш дар мавзӯи Наврӯз, баҳор,  ваҳдат, истиқлолият, ватан, модар шеърҳо қироат намуд.

Март 17, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд