Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид

Март 16, 2017 09:12

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯро, муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода сурат гирифт.
Иштирокдорони ҷамъомад моҳият ва ҳадафи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе» ва зарурати ҷоннокгардонии фаъолияти Шӯроро вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли равон ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар робита ба бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ва ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт мавриди таҳлили амиқ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанберо барои соли 2017 муҳокима намуда, бо назардошти таклифу иловаҳо барои тасдиқ пешниҳод намуданд.

Март 16, 2017 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик