Дар Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мушакпарронии (фейерверки) идона баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳои идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2017 қарори иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 марти соли 2017 «Дар бораи баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2017 » ба тавсиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур 21 марти соли 2017 пас аз ба анҷом расидани чорабиниҳои наврӯзӣ (соатҳои 19:00 — 21:00) аз 7 бурҷи Душанбешаҳр дар фосилаи 5 (панҷ) дақиқа мушакпаронии (фейерверки) идона баргузор карда мешавад.
Дар қарор омадааст, ки муовинони раиси шаҳр, шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт дар ҳамкорӣ бо корхонаю ташкилотҳои ташаббускор барои ташкили мушакпаронии (фейерверки) идона шароити зарурӣ фароҳам оварда, баҳри риояи қоидаҳои бехатарии мушакпарронӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
Ҳамчунин Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, бехатарии зиддисӯхтор ва ташкили ёрии таъҷилии тиббӣ вазифадор гардидаанд, ки дар ҷойҳои баргузории мушакпаронии (фейерверки) идона тадбирҳои мушаххас андешанд.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






