Дар Душанбе барои саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон — кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо беш аз ду миллион сомонӣ ҳамчун кумак ҷудо гардид

Март 4, 2017 10:32

ДУШАНБЕ, 04.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ ба муносибати ҷашнҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз, бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, барои саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон — кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2017 «Дар бораи ҷудо намудани маблағ» ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 2 546 000 (ду миллиону панҷсаду чилу шаш ҳазор) сомонӣ барои расонидани кумакпулии яквақта ба занон- кормандони сохторҳои мазкур ҷудо намояд.
Масъулин барои то 5 марти соли 2017 дар фазои тантанавӣ супоридани маблағҳои ҷудогардида ба шахсони зикршуда муваззаф гардидаанд.

Март 4, 2017 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд