Дар Душанбе мушкилоти амнияти Осиёи Марказӣ баррасӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Коршиносони масоили амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия масоили марбут ба мушкилоти амнияти минтақаи Осиёи Марказиро зимни ҳамоише, ки 31 март дар Душанбе дар мавзӯи «Мушкилоти амнияти Осиёи Марказӣ: омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нав» доир мегардад, баррасӣ менамоянд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш аст. Ҳадафи ҳамоиш баррасии паҳлӯҳои марбут ба мушкилоти амният дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти зуҳури баъзе равандҳои номатлуби замони муосир, назири терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромилианд, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш андохтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






