Дар Файзобод бахшида ба Рӯзи Модар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ФАЙЗОБОД, 08.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Модар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Дар озмуни мазкур нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия дар ин чорабинии фарҳангӣ ҳамаи модарони ноҳияро бо иди саид табрик намуда, барояшон хушбахтии зиндагӣ ва зиндагии орому саодатманд таманно намуда, ба бонувони фаъол ва ғолибони озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.











Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






