Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали боркашонӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 31.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соҳиби терминали боркашонӣ мегардад. Дар робита ба ин 31 марти соли 2017 дар маросими ботантана хишти аввали нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гузошта шуд, ки дар маросими он муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев, Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов ва роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ /JICA/ Танабе Хидейки иштирок намуданд.
Масоҳати умумии терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки бо сармояи Япония ба маблағи наздик ба 18 миллион доллар сохта мешавад, 3713,8 метри мураббаъ буда, дорои анбор, анбори нигаҳдории борҳои арзишашон қимат, ҳайвонот ва борҳои хатарнок, инчунин утоқҳои корӣ мегардад. Ҳамзамон терминали боркашонӣ бо дастгоҳҳои хизматрасонӣ ва таҷҳизоти нави замонавии муоинаи бор (рапискан, сканер, хискан ) ва системаи бақайдгирии борҳо, таҷҳизот барои боркашонӣ (тарозуҳои гуногунҳаҷм, нақлиёти махсуси борбардорӣ ва боркашонӣ, яхдонҳо барои борҳои тезвайроншаванда, борҳои махсус) ҷиҳозонида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баъди анҷом ёфтани корҳои зарурии техникӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваJICA дар соли 2014 созишномаи грантӣ баста шуд.
Тибқи ин созишномаи грантӣ Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,914,000,000 иенаи японӣ, муодил ба 17,5 миллион доллар грант ҷудо намуд. Дар асоси қарордоди мазкур таҷҳизоти системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва коркарди борҳои терминали боркашонӣ ба андозаи 100% ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Япония ворид карда шуданд. Айни замон системаи мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, аз санҷиш гузаронида шуданд.
Сохтмони терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ду марҳила- марҳилаи бунёд ва барқтаъминкунию ободонии атрофи терминали боркашонӣ ҷараён мегирад.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе моҳи феврали соли 2017 оғоз гардиданд.
Дар семоҳаи дуюми соли 2017 тендери байналхалқӣ эълон карда мешавад ва сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе (барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминали боркашонӣ) баъди гузаронидани тендери байналхалқӣ ва муайян гардидани пудрачии асосии лоиҳа дар моҳи июли соли 2017 оғоз мегардад. Мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби фурудгоҳи Душанбе корҳои омодасозии майдони сохтмон ва атрофи он, кашидани хатҳои коммуникатсионӣ ва сохтмони зеристгоҳи барқии ТП-ССО-270 барои системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда баҳри фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба анҷом расонида шуданд.
Интизор меравад, ки терминали боркашонӣ дар моҳи августи соли 2018 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.













13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






