Дар Гвардияи миллӣ мусобиқаҳои наврўзӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву сабзазоркунӣ вусъати тоза мегиранд. Ҳар рўзи шанбеву якшанбе ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар баробари тамоми сокинони кишвар ба ободу зебо кардани ҳудуд ва атрофи қисмҳои ҳарбӣ машғул мешавад. Танҳо дар як рўзи ҳашар афсарони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Марказии Гвардияи миллӣ ва қисми ҳарбии 051054 дар масоҳати 1,5 гектар бехи дарахтонро нарм карда, шоху навдаҳои зиёдатии зиёда аз 360 бех дарахтони сояафкану ороиширо тоза карданд. Илова ба ин 339 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва 970 бех гулу бутаҳои ороишӣ шинониданд. То имрўз дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, сабзу хуррам намудани ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ, биноҳои истиқоматии афсарон идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Гвардияи миллӣ Хайриниссо Комилова хабар дод, баргузор намудани сабқатҳои паҳлавонӣ аз рамзҳои дигари Наврўз аст. Барои таҷлили бошукўҳи Наврўзи байналмилалӣ аз 13 то 18 марти соли равон барои ба даст овардани Ҷоми Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар он сарбозону афсарони ҷузъу томҳои гвардия қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқаҳо аз намуди футбол, волейбол, турниккашӣ, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, давидан ба масофаи 3 километр, гӯштини миллӣ, якҳарбаи шарқӣ, зинабароӣ бо чӯб, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳ ва тирпарронӣ аз аслиҳаи гуногун сурат мегиранд.
Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, озмуни кадбонуи беҳтарин ва ошпазҳо дар базмгоҳи наврўзии гурдон ба нақша гирифта шудааст, ки бо барномаҳои ҷолиби фарҳангию фароғатӣ ва иштироки беҳтарин дастаҳои ҳунарии қисмҳои ҳарбӣ гузаронида мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






