Дар Хатлон дар мавзӯи «Ғизои солим» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 11 марти соли равон кормандон ва мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии «Ҳайати Шафқат» дар ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти тахти Сангин, деҳаи «Авесто» дар мавзӯи «Ғизои солим» бо ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии деҳа ҳамоиш гузарониданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз кормандон ва мутахассисони Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъияти «Томирис» дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо занон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, вохӯрӣ доир намуданд.
Ба иттилои манбаъ, баҳри баланд бардоштани савияи маърифатнокии аҳолӣ оид ба хизматрасонии соҳаи солимии репродуктивӣ тавассути барномаи телевизионии «Мусоҳибаи мо» маслиҳати мутахассис доир ба мавзӯи хизматрасонии соҳаи солимии репродуктивӣ пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






