Дар Хатлон фаъолияти сохторҳои тандурустӣ зимни даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баррасӣ гардид

Март 29, 2017 12:25

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷаласаи мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон муҳокима гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои таҳлили вазъи хизматрасонӣ ба занони ҳомила дар давраи антенаталӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии (КАТС) вилояти Хатлон, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои бемориҳои дил мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа менеҷерони сохтори госпиталӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои солимии репродуктивӣ, сартабибони комиссияи даъватӣ-тиббии ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, директорони марказҳои таъҷилӣ ва шахсони мутасаддӣ оид ба иҷрои барномаҳои миллӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷамъомад масъалаи тайёрии ҷавонон барои даъват ба сафи Артиши миллӣ ва вазъи солимии онҳоро муҳокима намуданд.

Март 29, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон