Дар Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд.
Тавре аз маъмурияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳур рамзи мулоқоти дилдодагон буда, ба маркази дӯстдоштаи ҷавонон табдил хоҳад ёфт. Ин дар Соли ҷавонон як навъ туҳфаи хуб ба сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи муҷассама намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






