Дар Хуҷанд Телевизиони «7 ситора» ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 13.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд телевизиони нави маҳаллӣ бо номи «7 ситора» ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд. Ба ин муносибат дар бинои телевизиони навтаъсис бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва хабарнигорону кормандони расонаҳои хабарӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад директори телевизиони «7 ситора» Маҳмудҷон Абдуллоев изҳор дошт, ки телевизиони навтаъсис 20 нафарро бо ҷои кор таъмин намудааст, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва он иқдоми хубест дар Соли ҷавонон.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






