Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консерт ва сайругашти оммавӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик аст, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён доранд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, сокинони шаҳр ҷашни фархундаи баҳору оғози эҳёи табиатро бо корҳои ободониву сарсабзгардонӣ пешвоз мегиранд.
Бахшида ба таҷлили Наврӯз ташкилу намоиши гулу паррандаҳои хушхон, анъанаҳои ниёгон, озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Арӯси замонавӣ», «Беҳтарин хони наврӯзӣ», баргузории тӯйҳои хайриявӣ, мусобиқаву озмунҳои мухталиф, аз қабили «Дави миллӣ», шоҳмотбозӣ, сангбардорӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
«Ҳамчунин консертҳои идона ва сайругашти оммавӣ, намоиши филмҳо, инчунин консерти аҳли ҳунари Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ва тантанаҳои наврӯзӣ пешниҳоди сокинон хоҳанд гашт»,-иттилоъ доданд аз Мақомоти ноҳия.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






