Дар Конибодом чорабинии варзишии «Дави миллӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ба соҳаи варзиш афзуда, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Инкишофи соҳаи варзиш дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бунёди ҷомеаи солим нақши муассир дорад. Рӯзи гузашта дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии варзишии «Дави миллӣ» бо иштироки васеи сокинон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, иштирокчиён аз рӯи масофаҳои муқарраршуда байни ҳам сабқат намуда, дар интиҳо ғолибон муайян гардида, ба онҳо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






