Дар Конибодом даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд
ХУҶАНД, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур занону бонувони ҳунарманд аз ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, коллеҷу литсейҳои касбӣ иштирок намуда, маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташкили озмун, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумиву хӯрокҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, он аз рӯи 6 шарт байни бонувони соҳибҳунари шаҳр гузаронида шуд.
Дар ҷараёни озмун кадбонуҳо бо маҳорати хуб ва услуби хоса ҳунарҳои худро дар пазандагиву ороишоти хони идона пешкаши ҳозирон доштанд.
Дар ҷамъбаст байни ташкилоту муассисаҳо — беморхонаи марказӣ, байни ҷамоатҳои деҳот — Ҷамоати деҳоти ба номи А. Лоҳутӣ ва байни коллеҷҳо — коллеҷи тиббӣ беҳтарин дониста шуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






