Дар Малайзия барои дарёфти «Ҷоми Сафорат- 2017» мусобиқа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ҷиҳати дарёфти «Ҷоми Сафорат» миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, донишҷӯёни тоҷики муҳассили муассисаҳои олии Малайзия ва донишҷӯёни дигар кишварҳо мусобиқаи футбол баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур ҳашт дастаи донишҷӯён аз донишгоҳҳои Лимкоквинг, Сегӣ, Ситӣ ва Донишгоҳи байналмиллалии исломӣ қувваозмоӣ намуданд.
Дар оғози мусобиқа Музаффар Муҳаммадӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия шаҳрвандон, донишҷӯён ва меҳмононро ба муносибати Соли ҷавонон ва иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ҷиҳати ба даст овардани ғолибият дар бозӣ ва соҳиб гардидан ба «Ҷоми Сафорат- 2017» ба тамоми дастаҳо муваффақият орзу намуд.
Ғолибият дар ин бозӣ ба дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи Сегӣ насиб гашт ва аъзои даста «Ҷоми Сафорат 2017»-ро ба даст оварданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






