Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар 809 нафар бемор муоинаи биокимиёвӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар соли 2017 амалиёти ҷарроҳии «Экстирпатсияи васеи бачадон бо транспозитсияи тухмдонҳо» ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре ки аз маркази мазкур хабар доданд, ин ҷарроҳӣ аллакай дар 2 нафар бемор муваффақона гузаронида шудааст. Гуфта мешавад, ки ин намуди ҷарроҳӣ дар нақшаи муолиҷаи комбинатсионии беморон бо ташхиси саратони гарданаки бачадон роҳандозӣ шуда, дар дараҷаҳои 1А, 1В, IIА-В гузаронида мешавад.
«Ҳамчунин дар соҳаи таҷҳизотонидани Марказ бо лавозимоти соҳавӣ дар соли равон таҷҳизоти ташхисии замонавии «анализатори биокимиёвӣ StatFax1904» дастрас карда шуд. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017 бо таҷҳизоти мазкур 809 нафар беморон аз муоинаи биокимиёвӣ гузаронида шудаанд»,-хабар додааст манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






