Дар Мастчоҳ дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 27.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи кишт ва корҳои баҳорӣ бо маром идома доранд ва то имрӯз дар масоҳати 1775 га замини хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Аз миқдори умумӣ дар 1225 га ғалладонагӣ, дар 61 га сабзавоту картошка, дар 11 га полезӣ, дар 240 га зироати равғандор ва дар 238 гектар хӯроки чорво кишт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои кишти пахта 11200 га замин омода гардидааст. Дар маҷмӯъ 19805 га замин комилан омода гардида, дар он кишти баҳорӣ гузаронида мешавад








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






