Дар Мастчоҳ озмуни бадеию ҳунарии «Дастагули наврӯзӣ» ҷамъбаст гардид

Март 17, 2017 12:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ даври ҷамъбастии озмуни бадеию ҳунарии «Дастагули наврӯзӣ» баргузор гардид, ки дар он аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастаҳои ҳаваскори мардумӣ иштирок доштанд. Дар ин бора аз бахши фарҳанги ин ноҳия хабар доданд.
Дастаҳо аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, қироат ва иҷрои шеъру сурудҳои наврӯзӣ, намоиш ва муаррифии либосҳои миллию таҷассумкунандаи анъанаҳои мардумӣ, пешниҳоди суннатҳои наврӯзӣ маҳорати худро нишон доданд.
Дар натиҷа ҷои аввал бо касби холҳои бештар ба дастаи ҳаваскорони мардумии Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ сазовор дониста шуд. Дастаҳои Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва Ҷамоати шаҳраки Суғдиён мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Март 17, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад