Дар ноҳияи Ҳамадонӣ маҳфили адабӣ-ҳунарии «Шаҳдрез» доир шуд
ҲАМАДОНӢ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ суҳбату ҳамоишҳо доир менамояд. Дар ҳамин замина омӯзгорону муҳассилини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34- и ноҳия маҳфили адабӣ-ҳунарии «Шаҳдрез»-ро баргузор намуданд, ки дар он асосан хонандагони синфҳои болоӣ иштирок доштанд.
Ба иттилои директори мактаб Ҳазрат Раҳимов, хонандагон маҳорати хешро дар ҳозирҷавобӣ, донистани фанҳои муосир, кор бо таҷҳизоти ҳозиразамон, оростани дастурхони идона дар арафаи Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, пухтани хӯрокҳо, омода кардани хӯришҳои миллӣ ва намоиши либосҳои миллӣ нишон доданд.
Дар маҳфили адабӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф ва волидайн ба маҳорати ҷавонон баҳои баланд доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






