Дар ноҳияи Ашт мавсими нави обёрӣ оғоз гардид

Март 29, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ашт дар пойгоҳи обкашии АНС-1, ки зиёда аз 12 ҳазор гектар заминро бо об таъмин менамояд, ба мавсими нави обёрӣ дар ноҳияи Ашт оғоз бахшид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, Зариф Мирдадо зимни оғози мавсими нави обёрӣ ба масъулин супориш дода, гуфт, ки обёрии заминҳоро сарфакорона ва сари вақт таъмин намоянд.
«Соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тозакунии каналу ҷӯйборҳо дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ барвақт оғоз гардид ва обёрии заминҳои ноҳия назар ба солҳои қаблӣ пеш аз муҳлат ба роҳ монда шуд»,- иброз дошт Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт.

Март 29, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд