Дар ноҳияи Деваштич озмуни «Маликаи наврӯзӣ» доир гашт
ХУҶАНД, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич дар доираи омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ дирӯз бо ташаббуси шуъбаи маъориф ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар доираи нақшаи чорабиниҳои наврӯзӣ ҷамъомади идона таҳти унвони «Маликаи наврӯзӣ» баргузор шуд. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур, ки ҳадафи он тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкориву созандагӣ ба ҳисоб мерафт, ҳафт нафар духтарон-муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи панҷ шарт-оростани дастархони наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, намоиши либоси миллӣ, аз ҷумла либоси «Маликаи Наврӯз», санҷиши зиракии зеҳнӣ, саволу ҷавоб оид ба суннатҳо ва анъанаҳои наврӯзӣ қувваозмоӣ намуданд.
Озмун дар сатҳи хуби ташкилӣ доир гардида, ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






