Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» семинари омӯзишӣ доир гардид
РӮДАКӢ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар доираи лоиҳаҳои «Ташаббускории ҷомеа дар таъмини об ва беҳдошт» ва «Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар семинар уҳдадориҳои асосии таъминкунандагони хизматрасониҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт ба истеъмолкунандагон фаҳмонида шуда, ба таъминкунандагону истеъмолкунандагон пешниҳод карда шуд, ки талаботи асосии сифат, бехатарӣ ва эътимоднокии хизматрасониҳоро дар соҳаи мазкур муайян намуда, дар ҳамбастагӣ дастрасӣ ба оби нӯшокии тозаю бехатар ва хизматрасонӣ оид ба беҳдоштро таъмин намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






