Дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳили дарёҳои Элок ва Кофарниҳонро мустаҳкам карданд

Март 27, 2017 17:09

РӮДАКӢ, 27.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ ва мустаҳкам намудани соҳилҳои осебпазири дарёи Элок ва Кофарниҳон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо кумаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.
Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Аминзода, зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия барои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудо гардид. Барои ин кор Ҳукумати мамлакат 60 тонна семент, 3 тонна арматур ва 20 тонна сӯзишвории дизелӣ кумак намуд. То имрӯз нуҳ адад селпарто мустаҳкам карда шуда, мавзеъҳои хатарноки дарёи Элок мустаҳкам карда шуданд. Инчунин аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Март 27, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад