Дар ноҳияи Сангвор ҷашни Наврӯзро бо рӯҳияи болида таҷлил мекунанд
САНГВОР, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Наврӯзи Аҷам сокинони ноҳияи Сангвор бо истифода аз ҳавои мусоид ба тариқи ҳашар кӯчаю роҳравҳоро тоза намуда, дар атрофи роҳҳо дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинониданд ва барои боз ҳам зебо гардонидан маркази ноҳияро бо шиору овезаҳои наврӯзӣ оро доданд. Дар ин бора масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Инчунин дар байни ҷавонон озмунҳои гуногун ташкил шудаанд, ки ғолибонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор интизоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






