Дар ноҳияи Шаҳристон озмуни «Маликаи баҳор» доир гардид
ХУҶАНД, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба баҳори нозанин ва таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияи Шаҳристон фестивал-озмуни «Маликаи баҳор» баргузор шуд. Озмуни мазкур бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳия бо ҳамдастии бахши ноҳиявии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯи кор омада, ба Соли ҷавонон бахшида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маъорифи ноҳия хабар доданд, дар фестивал-озмун 9 нафар духтари синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, маҳорат ва малакаи худро пешкаш намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи озмун тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкориву созандагӣ, инкишофи тафаккури миллӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва дар ин замина муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён маҳсуб меёфт.
Озмун дар сатҳи хуби ташкилӣ доир гардида, ғолибон ва иштирокдорон бо Диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






