Дар ноҳияи Спитамен ба пешвози Наврӯзи фаррухпай «Дастурхони наврӯзӣ» ороста шуд

Март 16, 2017 12:00

ХУҶАНД. 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии  Наврӯз  дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳамарӯза чандин барномаҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳия иттилоъ доданд,  тибқи нақшаи шуъбаи фарҳанги ноҳия ба муносибати ин ҷашн дар чанд ҷамоати шаҳраку деҳот озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Бунафша» ва озмуни пухтупази таомҳои милливу аврупоӣ таҳти унвони «Дастурхони наврӯзӣ» баргузор гардида, ғолибону иштирокдорони фаъол бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

Масъулин ҳадафи чунин озмунҳоро ба арҷгузорӣ ба меросу анъанаҳои аҷдодӣ, эҳё намудани урфу одатҳои гузаштагон рабт доданд.

Ҳамчунин дар доираи барномаҳои наврӯзӣ дар маркази ноҳия озмуни «Мақомхонони ҷавон» ва дар қасри фарҳанг барномаи «Армуғони наврӯзӣ» бо иштироки санъаткорони қасри маданияти ноҳия гузаронида мешаванд.

 

 

Март 16, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад