Дар ноҳияи Вахш барномаҳои маърифатию иттилоотӣ роҳандозӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар» /. Тибқи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Вахш ва ҷамоату деҳоти он бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои маърифатию иттилоотӣ зери унвони «Корвони маърифат», «Корвони саломатӣ», озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ва «Оилаи беҳтарин» доир гардиданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, «Корвони саломатӣ» дар ҷамоати деҳоти «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш баргузор гардида, дар он мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба 1707 нафар сокинони маҳаллӣ хизмати тиббии ройгон расониданд.
Инчунин бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонони ноҳия бахшида ба Соли ҷавонон ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши иттилоотӣ доир ба самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ва ба имзо расидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 гузаронида шуд.
Баргузории «Корвони маърифат» дар шаҳри Сарбанд низ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






