Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд боғи истироҳатии «Истиқлол» ба истифода дода мешавад
ХУҶАНД, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд раванди корҳои ободонӣ ва бунёди як зумра иншоот бомаром идома дорад.
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам боғи навбуёди фарҳангиву истироҳатии «Истиқлол» ба истифода дода мешавад. Боғи мазкур дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ, дар ду паҳлӯи роҳи мошингарди маҷмааи «Истиқлол» воқеъ аст.
Ҳоло дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, боғи мазкур ба тарзи замонавӣ сохта мешавад. Он дорои ду фаввораи бо лампаҳои каммасрафи мусиқавӣ насбгардида, айвончаву курсиҳои ороишдор барои нишаст, сутунчӯбҳо бо чароғакҳои гуногунранг ва нуқтаҳои савдо мебошад. Ҳамзамон дар ин мавзеъ 20 намуди дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан бо фарогирии 500 бех ва гулҳои гуногунранг шинонида мешаванд, ки ба ҳусни ин мавзеъ таровати хоса мебахшанд.
Маҷмаа дорои осорхонаву нуқтаҳои фурӯши китобу туҳфаҳои армуғонӣ, нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






