Дар Рӯзи матбуот месазад, ки ба талошҳои ҳамкасбони пешгузашта ва меҳнати имрўзиён арҷ гузорем

Март 10, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Садриддин Айнӣ

Ҳар соҳибватан ба фаҳми амиқи масоиле, ки ҳамвора дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, вақте меравад, ки онро дуруст дарк карда тавонад. Барои дуруст равона кардани ҷомеа ба фаҳмиши дурусту ба вуҷудории афкори солими ҷомеа воситаҳои ахбори омма нақши бориз мегузоранд. Дар шароити кунунӣ таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист. Ва бояд гуфт, ки маҳз истиқлолият шароит фароҳам овард, то мо ҷашни касбии рўзноманигоронро дар рўзи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» таҷлил намоем. Ин ҷашн пос доштани рўҳи дастандаркорони «Бухорои шариф», арҷ гузоштан ба талошҳои ҳамкасбони пешгузашта ва эҳтироми меҳнати имрўзиёнро ифода мекунад. Ин ҷашнест, ки аҳли қалам рўзноманигоронро дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳам меорад. Ин ҷашн танҳо ба рўзноманигорон марбут нест, балки ба ҳамаи мардум тааллуқ доштаву оммавист. Зеро расонаҳо барои мардум вуҷуд доранду дарди мардумро мегўянд, мардум дар расонаҳо худ ва рўзгори худро мебинад.
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ин факултет заминаи аслӣ ва мактаби омодасозандаи рӯзноманигорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, зимни як суҳбат зикр намуд, ки имрӯзҳо шароит ва имкониятҳо баҳри рушду нумуи дониш ва малакаи рӯзноманигорони ҷавон ба куллӣ муҳайёст. «Дар муқоиса ба замони Шӯравӣ ҳоло рӯзноманигорони ҷавон имкониятҳои бештару хубтар доранд. Зеро он солҳо барои ба нашр расонидани як мақола дар рӯзномаҳои башумор, ки теъдодашон кам буд, рӯзноманигорон як ё ду моҳ интизорӣ мекашиданд, то маҳсули эҷоди онҳо ба нашр расад. Ҳоло чӣ? Ҳоло даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо интизори рӯзноманигоронанд. Ғайр аз ин ҳар сол тақсимоти хатмкунандаҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар ВАО гузаронида мешавад, ки падидаи хубест. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як рӯзноманигори хатмкарда зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, вазорат ва донишгоҳ қарор дорад».
Ба андешаи Саъдӣ Маҳдӣ, донишҷӯи босавод ва эҷодкорро расонаҳо зуд ба кор мегиранд, чун талабот имрӯзҳо ба нафароне, ки донишу малакаи хуби нигорандагӣ доранд, хеле афзудааст. «Донишҷӯёне, ки дониши хуб дошта, малакаи эҷодкорӣ доранд, онҳоро расонаҳои хабарӣ зуд ба кор мегиранд. Барои мисол метавон аз таҷрибаи худи факултет баён дошт, зеро шумораи зиёди донишҷӯёни мо тариқи озмун фаъолият доранд. Дар нашриёт кам нестанд шумораи донишҷӯёне, ки дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ фаъолияти рӯзноманигориашонро давом медиҳанд»,- афзуд ӯ.
Бинобар маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар 359 рӯзнома (104 давлатӣ ва 254 ғайридавлатӣ), 232 маҷалла (105 давлатӣ ва 127 ғайридавлатӣ), 300 матбаа (35 давлатӣ ва 265 ғайридавлатӣ), 44 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ ва 41 ғайридавлатӣ), 70 нашриёт (9 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд.

Март 10, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад