Дар Рашт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат, собиқадорон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт хабар доданд.
Сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковники милитсия Рустам Шафизода тамоми занон, оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва модаронро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, хушбахтию тансиҳатӣ ва бурдбориҳои зиндагӣ таманно кард.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо занону модарон дар тамоми ҳаёти ҷомеа иштирок дошта, дар пешрафту ободонии кишвари маҳбубамон саҳмгузоранд. Зан-модар таҷассумгари зебоӣ, меҳру муҳаббат ва ободии рӯзгор буда, дар ташаккули инсон нақши асосӣ мебозад.
Дар идомаи ҷамъомад як гурӯҳ занон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






