Дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Деваштич мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯз, 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи камарбандӣ баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар раванди фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара бо ширкати беш аз 10 ҳазор тамошобин баргузор гардид, мусобиқаҳо оид ба дастхобониву вазнбардорӣ ва бандкашӣ низ доир карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 23, 24, 25 ва 26 март дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич низ мусобиқаҳо оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардида, дар онҳо садҳо нафар варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон қувваозмоӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






