Дар шаҳри Хоруғ 8 ҳолати дуздӣ ошкор гардиданд

Март 10, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсилаҷинояти дуздӣ шаҳрванд Фируз Мубаширов, бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Тишори ноҳияи Шуғнон дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, номбурда дар 8 ҳолати дуздии молу мулки шахсии сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон даст дорад. Аз ҷумла, ӯ дар дуздии телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ба маблағи 1300 сомонӣ, 350 метр ноқилҳои барқӣ, ки ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Хоруғ тааллуқ доранд, даст дошта, инчунин аз бозори марказии шаҳри Хоруғ аз дохили мағозаҳо маводи хӯрокворӣ дуздидааст.
Айни ҳол аз тарафи Прокуратураи шаҳри Хоруғ мавод оид ба ҳодисаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз тарафи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ бо аломати 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дуздии молу мулки шаҳрвандон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Март 10, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад