Дар шаҳри Хоруғ хатнатӯйи кӯдакони оилаҳои камбизоат доир шуд
ХОРУҒ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳалӣ хатнатӯи 35 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоатро баргузор намуданд.
Арамбегим Маҳтобшоҳзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кӯдакон ва волидони онҳоро ба ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, иброз дошт, ки яке аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз дасти кӯмак дароз намудан ба бечорагон мебошад.
Ҳамчунин Арамбегим Маҳтобшоҳзода зикр намуд, ки Пешвои миллат дар мулоқотҳои худ ҳамеша таъкид мекунад, ки оилаҳои ниёзманд, хусус кӯдакони ятим дастгирӣ карда шаванд, то онҳо худро танҳо ва заиф эҳсос накунанд.
Дар хатнатӯй 30 нафар нафақахӯрони яккаву танҳо низ даъват гардида, ба онҳо туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






