Дар шаҳри Хоруғ маҳаллаи нав бунёд мешавад

Март 14, 2017 12:15

ХОРУҒ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақсади таъмин кардани сокинони шаҳри Хоруғ бо манзил ва муҳайё намудани хизматрасонии маишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ маҳаллаи нав бунёд карда мешавад. Ин маҳалла дар дашти Тем, дар канори бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки аз маркази шаҳр 4 километр дур аст, ҷой гирифтааст. Ҳоло коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф ШС» ба мустаҳкам намудани соҳили рӯдхонаи Панҷ машғул мебошанд. Зеро дар фасли тобистон баъзан сатҳи оби рӯдхона баланд мешавад ва эҳтимоли тағйирёбии маҷрои он вуҷуд дорад. Баландии садди обнигаҳдоранда 5 метр буда, паҳноии он 8 метр аст. Ба гуфтаи муҳандиси ҷамъияти мазкур Шараф Абдуллоев, ин садд аз як сӯ маҳаллаи навро аз хатари обхезӣ ва шусташавии замин комилан наҷот медиҳад, аз сӯи дигар ҳамчун роҳи мошин ба сокинони он хизмат мекунад.
Тибқи лоиҳа барои бунёди ин маҳалла 200 гектар замин ҷудо шудааст. Ба наздикӣ дар ин мавзеъ сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурию фарҳангӣ ва таълимию варзишӣ шурӯъ мешавад.

Март 14, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад