Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати иди Наврӯз намоиш-фурўши қолин ва матоъҳои атласу адрас баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» намоиш-фурўши қолинҳо ва матои атласу адрас баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар баробари маҳсулоти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум», марказҳои таълимӣ- истеҳсолии атласу адрасбофии шаҳру наҳияҳои вилояти Суғд низ маҳсулоти худро бо нархи дастрас ба фурўш гузоштанд.
Муҳаммадҷон Ёқубов, директори Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрас»-и вилояти Суғд зикр кард, ки дар намоиши мазкур маҳсулоти ватанӣ, аз қабили атласу адрас, ки аз нахи пахта тайёр карда шуда, ба саломатии инсон зарар надоранд, ба намоиш гузошта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар намоиш-фурўши мазкур навъҳои қолинҳои гуногун, ба монанди «Шоҳаншоҳ», «Симин», «Гулзор», «Истиқлол», «Суғдиёна» ва «Азата» — ву «Сайҳун» ба иштирокдорон бо нархи дастрас пешниҳод карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






