Дар шаҳри Ҳисор озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Ҳисор дар чойхонаи «Харбуза» дар байни шаҳраку ҷамоатҳои худуди шаҳри Ҳисор озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор намуд.
Дар озмун кадбонуҳо маҳорати худро дар риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешниҳоди хӯрокҳои босифат, ороиши дастархони наврӯзӣ нишон доданд. Иштирокчиён ба саволҳои аъзои ҳакамон бо ҳозирчавобӣ посух дода, аз иҷрои шартҳои муайяншуда ба хубӣ баромаданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, хадафи озмун тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳтиром гузоштан ба хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ мебошад.
Дар охир ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Раиси шаҳри Ҳисор қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






