Дар шаҳри Сарбанд маҳфили «Оилаи беҳтарин» доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Оилаи беҳтарин» — таҳти ин унвон дар шаҳри Сарбанд бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҳфил баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилотию таҳлилии дастгоҳи вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҳфил 8 оила бо собиқаи аз 5 то 50 соли зиндагӣ иштирок намуданд.
Дар он беш аз 250 нафар ҷавонон иштирок намуда, бо оилаҳои хушбахт суҳбат оростанд ва ба саволҳои худ доир ба таҷрибаи зиндагии оилаҳои намунавӣ посухҳои судманд гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки зиндагиномаи чунин оилаҳои намунавӣ сабақест барои ҷавонон.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






