Дар шаҳри Ваҳдат ҳамоиши тарбиявии «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» доир гардид
ВАҲДАТ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ҳамоиши тарбиявии «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» гузаронида шуд. Тавре аз бахши ҷавонон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, он аз тарафи гурӯҳи ҷавонони фаъол, аъзои бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва барандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш ба Рӯзи Модар бахшида шуда буд. Он аз назди муҷассамаи «Модар» оғоз ёфта, гурӯҳҳо ба самти кӯчаҳои Рӯдакӣ, Сомониён, Хуросон, 20-солагии Истиқлолият, Фирдавсӣ ва Ватан раҳсипор шуданд. Бо ҳар нафаре, ки дар роҳ вомехӯрданд, иқдоми пешгирифтаашонро мавриди амал қарор медоданд. Яке аз марказҳои омӯзишиву дигаре аз мағоза, яке аз бозору дигаре аз боғҳои фароғатӣ, яке аз варзишгоҳу дигаре аз бонкҳои хусусӣ боздид менамуданд. Шаҳрвандон, хусусан насли ҷавон аз ин иқдом хеле болидахотир гашта, чунин амалро боиси дастгирӣ шумориданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






