Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрӣ доир гардид

Март 15, 2017 17:10

ВАҲДАТ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар маркази Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат вохӯрии гурӯҳҳои кории шаҳр бо ҷавонони ҳудуди ҷамоат доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси ҷамоат Неъматулло Бобоев иброз намуд, ки наврасону ҷавонони моро зарур аст,  аз сиёсати ғамхоронаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон огоҳ гардида, ҷавобан ба ин дастгириҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҳадафи вохӯриҳо  муттаҳидии насли ҷавон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ мубориза бурдан бар зидди омилҳои номатлуби ҷомеа мебошад.

Март 15, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд