Дар шаҳри Ваҳдат маҳфили «Ҳидоятгарони дунёи маънӣ» бахшида ба Рӯзи Модар доир гардид

Март 3, 2017 17:12

ВАҲДАТ, 03.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат бо иштироки занону модарон, собиқадорони китобхонаҳои шаҳри Ваҳдат Хайринисо Нурова, Сайлинисо Раҳимова, Руқия Солиҳова ва Зайнаб Оқилова бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили идона доир  гардид. Дар ин бора аз бахши ҷавонони шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Дар маҳфил зиёда аз 160 нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҷамъ омаданд. Қаҳрамонони маҳфил перомуни ҳаёту фаъолияти чандинсолаи хеш сухан гуфта, аз ташкил намудани чунин чорабинӣ арзи миннатдорӣ баён намуданд. Инчунин аз тарафи кормандони китобхонаи марказӣ саҳначаи тарбиявӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо як ҷаҳон маънӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Барномаи ҳунарӣ аз ҷониби сарояндагону раққосони шаҳр  ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд.

Март 3, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд