Дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаҳо ва чемпионатҳои варзишӣ-сайёҳӣ доир мегарданд

Март 1, 2017 12:11

ВАҲДАТ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  дар сатҳи баланд таҷлил намудани  Соли ҷавонон  Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат  байни маҳфилҳои варзишӣ   мусобиқаҳо ва чемпионатҳои варзишӣ-сайёҳӣ оид ба гӯштини миллӣ, вазнбардорӣ, муай-тай, футбол, таэквондо, киокушинкай, баскетбол ва қуллабароӣ эълон намуд. Дар ин бора аз Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат  хабар доданд.

Сарвари муассисаи мазкур Зуҳро   Табарова  иброз намуд, ки «ҷавонони болаёқатро метавон мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик  номид. Зеро онҳо тавассути тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи миллату давлат ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои  демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд. Хушбахтона,  кӯдакон ва наврасони 10 адад маҳфилҳои варзишии муассиса  дар замони истиқлолияти давлатӣ дар чемпионату мусобиқаҳои байналмилалии давлатҳои  Қатар, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Росия, Беларус, Таиланд, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  ширкат  варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, парчами ҷумҳуриамонро парафшон намуданд».

 

Март 1, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад