Дар шаҳри Ваҳдат оид ба тақсими мероси волидайн аз нигоҳи қонун вохӯрӣ доир гардид
ВАҲДАТ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тақсим намудани мероси волидайн баъд аз марги онҳо яке аз масъалаҳои баҳсбарангезтарини рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ гардидааст. Он дар аксари ҳолатҳо ба гусаста шудани робитаҳои хешутаборӣ, сар задани баҳсҳои тӯлонии додгоҳӣ ва ҳатто хушунатҳои оилавӣ мепечад. Аз ин хотир кормандони идораи нотариалии давлатии шаҳри Ваҳдат дар маркази ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳр дар мавзӯъҳои «Ба расмиятдарории васиятнома ва тарзи навиштани он, тасдиқ, тағйир додан ва бекор кардани он», «Барасмиятдарории шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз руйи қонун ва тартиби барасмиятдарории он» бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон, ҷавонон ва падару модарон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин бора Музаффаршо Хингов, нотариуси калони шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Инчунин дар вохӯрӣ дар бораи дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ, садоқату вафодорӣ, ғамхорӣ нисбат ба якдигар, масъулияти тарафайн дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, тарбия ва ба воя расонидани фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва дигар арзишҳои миллӣ суҳбат доир гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






