Дар шаҳри Ваҳдат озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси наврӯзӣ» доир шуд
ВАҲДАТ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо мақсади тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи илмомӯзию худшиносӣ, одоби оиладорӣ, кадбонугиву рӯзгордорӣ ва сайқал додани маҳорати ҳозирҷавобӣ дар Коллечи тиббии шаҳри Вахдат озмуни ҷумхуриявии «Арӯси наврӯзӣ» доир гардид. Дар ин бора раиси созмони ҷавонони коллеҷ Саодат Хоҷибоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар озмун донишҷӯдухтарони коллеҷ аз рӯи шартҳо, намоиши либоси наврӯзӣ, кадбонугӣ, соҳибхонагӣ ва ҳозирҷавобӣ маҳорати худро нишон доданд. Инчунин онҳо бо намоиш додани либосҳои миллии қадимӣ ва муосир, омода кардани хӯришҳои наврӯзӣ, ҷавоб додан ба саволҳои марбут ба устувории оила ва рӯзгордорӣ ва аз таърихи ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он байни ҳам саволу ҷавоб карданд.
Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






